-
Муттаҳам шудани як донишҷӯи тоҷик ба интиқоли коронавирус дар Русия
Апрел 13, 2020 06:42Раёсати Донишгоҳи давлатии Ҷумҳурии худмухтори Мардавӣ дар Русия як донишҷӯи тоҷикро ба интиқоли коронавирус ва поймолсозии карантин муттаҳам кардааст.
-
Қадрдонии сомонаи испанияӣ аз ҳимояти тоҷикон
Апрел 13, 2020 05:25Marca, сомонаи машҳури ахбори варзишии Испания аз ин ки дар дидори ду тими футболи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо муборизаи ҳукумати Мадрид бо густариши вируси корона ибрози ҳамбастагӣ шуд, аз Тоҷикистон ба хотири ин иқдом қадрдонӣ кард.
-
Оғози муҳокимаи рӯзноманигор Далер Шарифов дар додгоҳ
Апрел 13, 2020 05:03Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муҳокимаи рӯзноманигор Далер Шарифовро ба иттиҳоми ҳимоят аз афкори гурӯҳи Ихвон-ул-муслимин имрӯз ( 13 апрел ) оғоз мекунад.
-
Гузориши вижа: Набуди коронавирус дар Тоҷикистон ва таъкид бар риояти беҳдошт
Апрел 12, 2020 16:31Таҳлилгарон ва фаъолони мадании Тоҷикистон бо баёни ин, ки набуди коронавирус дар Тоҷикистон ба маънои адами риояти беҳдошт нест, таъкид кард: Фосилаи иҷтимоӣ, дар сурати зарурат аз манзил берун рафтан, бастани ниқоби пизишкӣ ва дигар нукоти беҳдоштӣ бояд риоят шавад.
-
Дар Тоҷикистон зарурати карантини умумӣ вуҷуд надорад
Апрел 12, 2020 15:25Вазири тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки дар ин кишвар феълан зарурати эъмоли карантин вуҷуд надорад.
-
Қатъи фаъолияти Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон
Апрел 11, 2020 10:09Рӯзноманигори тоҷики муқими Аврупо аз қатъи фаъолияти Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон хабар дод.
-
Омодасозии 3150 тахти ҷадид дар Тоҷикистон барои беморони эҳтимолии коронавирус
Апрел 11, 2020 08:12Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз омодасозии 3150 тахти ҷадид дар бемористонҳои ин кишвар барои беморони эҳтимолии коронавирус хабар дод.
-
Мамнӯияти хориҷ кардани шикастапораҳои металлӣ аз Тоҷикистон
Апрел 11, 2020 07:44Ҳукумати Тоҷикистон хориҷ кардани шикастапораҳои металлӣ ва ҳар навъ зоеоти фӯлодӣ аз ин кишварро мамнӯъ кард.
-
Ихтисоси воми 31 миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
Апрел 11, 2020 05:41Анҷумани тавсиаи байналмилали Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон беш аз 31 миллион доллар вом ихтисос дод.
-
Ирсоли кумакҳои башардӯстонаи Узбакистон ба Тоҷикистон
Апрел 10, 2020 13:18Узбакистон барои ҷилавгирӣ аз шуюъи корона ба Тоҷикистон кумакҳои башардӯстона ирсол кард.