Оғози муҳокимаи рӯзноманигор Далер Шарифов дар додгоҳ
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муҳокимаи рӯзноманигор Далер Шарифовро ба иттиҳоми ҳимоят аз афкори гурӯҳи Ихвон-ул-муслимин имрӯз ( 13 апрел ) оғоз мекунад.
Ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, қаблан мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон бо ирсоли парвандаи Далер Шарифов ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душнбе иттиҳомоти ин рӯзноманигорро илова бар ҳимоят аз афкори гурӯҳи Ихвон-ул-муслимин, барангехтани душмании миллӣ ва нажодӣ ва мазҳабӣ унвон карда буданд.
Дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон пеш аз ин эълом карда буд, ки Далер Шарифови 32 сола дар солҳои 2013 то 2019 ҳудуди 113 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд.
Бар асоси ин баёния дар соли 2019 Далер Шарифов ба таври ғайриқонунӣ ва махфиёна рисолае ба шуморагони 100 нусхаро бар асоси ақидаҳои гурӯҳи мамнуаи Ихвон-ул-муслимин тадвин кард.
Аммо вакилони мудофеи ин рӯзноманигори тоҷик бо радди ин иттиҳомот мегӯянд, ки ҳадаф аз навиштани ин рисола дифоъ аз ислом дар баробари иттиҳомоти душманони ислом бар асоси иртиботи ин дин бо терроризм мебошад.
Ин дар ҳолест, ки Ҳерлем Дезир, намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО бо нашри як баёния аз ҳукуматдорони Тоҷикистон дархости озодии рӯзноманигори ҳабсшударо карда буд.
Ҳамчунин 8 созмони байналмиллалии мудофеи ҳуқуқи башарӣ бо маҳкум кардани боздошти Далер Шарифов хостори озодии вай шудаанд.
Вай солҳои қабл корманди расмии шабакаи телевизиони давлатии Сафина буд. Ӯ дар солҳои ахир ба тиҷорат машғул ва бо навиштани мақолоти интиқодӣ аз сиёсатҳои давлати Тоҷикистон дар маҳфилҳои рӯзноманигорӣ машҳур шуда буд.