Ирсоли кумакҳои башардӯстонаи Узбакистон ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i52537-Ирсоли_кумакҳои_башардӯстонаи_Узбакистон_ба_Тоҷикистон
Узбакистон барои ҷилавгирӣ аз шуюъи корона ба Тоҷикистон кумакҳои башардӯстона ирсол кард.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Апрел 10, 2020 17:48 Asia/Dushanbe
  •  Ирсоли кумакҳои башардӯстонаи Узбакистон ба Тоҷикистон

Узбакистон барои ҷилавгирӣ аз шуюъи корона ба Тоҷикистон кумакҳои башардӯстона ирсол кард.

Ба гузориши “Форс”, давлати Узбакистон биноба дастури раисҷумҳури ин кишвар, барои ҷилавгирӣ аз шуюъи корона ба Тоҷикистон маҳмулаи кумакҳои башардӯстона ирсол кард.

Ин кумакҳои башардӯстона шомили либосҳои муҳофиз, айнакҳо, москҳои филтердор, дасткашҳои якбормасраф ва орд аст.

Ин кумакҳои башардӯстона имрӯз аз тариқи қатор аз устони Сурхондарё ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ирсол шудааст.

Пештар Узбакистон ба Қирғизистон ва Афғонистон кумакҳои башардӯстона ирсол карда буд.