Суқути саҳҳоми ширкати амрикоии “Боинг”; пои “Боинг” аз Чин бурида шуд
(last modified Tue, 15 Apr 2025 13:20:04 GMT )
Апрел 15, 2025 18:20 Asia/Dushanbe
  • Суқути саҳҳоми ширкати амрикоии “Боинг”; пои “Боинг” аз Чин бурида шуд

Порс-Тудей. “Блумберг” муддаӣ шуд, ки дар авҷи ҷанги тиҷорӣ байни Амрикову Чин, Пекин ба тамоми хутути ҳавоии худ дастур додааст то аз дарёфти маҳмулаҳои ғӯли ҳавопаймосозии “Боинг” худдорӣ кунанд.

Дар авҷи ташдиди ҷанги тиҷорӣ байни Чину Амрико пас аз ҷорӣ кардани таърифаҳои сарсомовар аз сӯи Доналд Трамп, раисиҷумҳури ин кишвар, Чин аз тамоми хутути ҳавоии ин кишвар хост то дарёфти маҳмула аз ғӯли ҳавопаймосозии Амрико, яъне “Боинг”-ро мутаваққиф кунанд.

Пекин ҳамчунин аз хутути ҳавоии Чин хостааст то харидории таҷҳизоту лавозими ядакӣ ва қатаотро аз “Боинг” мутаваққиф ва супоришотро лағв кунанд. /Меҳр