Хатибзода : Эрон барасоси усӯл ва меъёрҳои мушаххас музокира мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i119758-Хатибзода_Эрон_барасоси_усӯл_ва_меъёрҳои_мушаххас_музокира_мекунад
Порс тудей - Муовини вазири хориҷаи Эрон ва раиси маркази мутолиъоти сиёсӣ ва байналмилалии ин Вазоратхона рӯзи чаҳоршанбе гуфт : Ончӣ дар музокирот бо Амрико анҷом медиҳем , мубтанӣ бар усӯл ва меъёрҳое аст, ки барасоси он усӯл ва меъёрҳо , қадам ба қадам музокира кардем ва пас аз ин низ барасоси он музокира хоҳем кард .
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 24, 2025 08:44 Asia/Dushanbe
  • Хатибзода : Эрон барасоси усӯл ва меъёрҳои мушаххас музокира мекунад
    Хатибзода : Эрон барасоси усӯл ва меъёрҳои мушаххас музокира мекунад

Порс тудей - Муовини вазири хориҷаи Эрон ва раиси маркази мутолиъоти сиёсӣ ва байналмилалии ин Вазоратхона рӯзи чаҳоршанбе гуфт : Ончӣ дар музокирот бо Амрико анҷом медиҳем , мубтанӣ бар усӯл ва меъёрҳое аст, ки барасоси он усӯл ва меъёрҳо , қадам ба қадам музокира кардем ва пас аз ин низ барасоси он музокира хоҳем кард .

« Саъид Хатибзода » дарбора инки « оё метавон ба таъаҳҳудоти Амрико дар музокирот эътимод кард ё хайр » , гуфт : Аслан мавзӯъ эътимод нест ; Мо дар ҳеҷ гуфтугӯ  ва музокирае дар арсаи байналмилал бо эътимод ворид намешавем , балки барасоси ҳуқуқи ҳуққаи худ ва барасоси меъёрҳое ки дар онҳо рости озмоӣ ва имконсанҷиҳое вуҷӯд дорад даст ба иқдом мезанем . Муовини вазири хориҷаи Эрон тасреҳ кард : Ҳеҷ музокиракунандае, ки камӣ ба фазои байналмилал огоҳ бошад , асоси ҳеҷ музокираеро бар асоси эътимод намечинад .