Таъкид бар густариши ҳамкориҳои синамоӣ байни Эрону Русия
Апрел 25, 2025 17:19 Asia/Dushanbe
Порс-Тудей. Дар дуюмин рӯз аз сафари ҳайати фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон ба Маскав, вазири фарҳанги Русия бо раиси Созмони синамоии Эрон дидору гуфтугӯ кард.
Олга Любимова, вазири фарҳанги Русия дар ин дидор, ки бо ҳадафи баррасии роҳҳои густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, ҳунарӣ ва синамоӣ миёни ду кишвар баргузор шуд, бар собиқаи деринаву муваффақи ҳамкории синамогарони 2 кишвар таъкид карду гуфт: Дар тӯли даҳаҳои гузашта, синамогарони эронӣ ҳамвора дар ҷашнвораҳои Русия ҳузуре дурахшон доштаву муваффақ ба касби ҷавоизи зиёд шудаанд. /Хабаргузории садо ва симо
Барчасп