Тазоҳуроти густарда алайҳи Натаняҳу дар Тел Авив
(last modified Sun, 27 Apr 2025 06:02:27 GMT )
Апрел 27, 2025 11:02 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти густарда алайҳи Натаняҳу дар Тел Авив

Порс Тудей - Ҳазорон саҳюнист шомгоҳи шанбе алайҳи сиёсатҳои нахуствазири режими саҳюнистӣ тазоҳурот карда ва мубодилаи усароро хостор шуданд.

Шумори зиёде аз шаҳракнишинону хонаводаҳои усарои саҳюнист, бо баргузории тазоҳурот дар Тел Авив, поён додан ба ҷанги Ғазза имзои фаврии тавофуқи табодули асиронро хостор шуданд. Тазоҳуркунандагон, ки тоблунавиштаҳо ва тасовири асирони саҳюнистро дар даст доштанд, ба коршикании Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар масири идомаи иҷрои тавофуқи оташбас дар Ғазза ва табодули усаро эътироз карда ва ҳушдор доданд, ки Натаняҳу бо беэътиноӣ ба ҷони усаро, хоҳони идомаи ҷанг аст. /Хабаргузории Садо ва симо