Мизбонии Теҳрону Исфаҳон аз ҳафтаи фарҳангии Русия
(last modified Tue, 29 Apr 2025 05:59:41 GMT )
Апрел 29, 2025 10:59 Asia/Dushanbe
  • Мизбонии Теҳрону Исфаҳон аз ҳафтаи фарҳангии Русия

Порс-Тудей. Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Маскав душанбешаб аз барпоии рӯйдодҳои ҳафтаи фарҳангии Русия аз 19 то 23 хурдодмоҳи 1404 (9 то 13 июни 2025) дар шаҳрҳои Теҳрону Исфаҳон хабар дод.

Козими Ҷалолӣ, дар дидор бо Андрей Малишев, муовини вазири фарҳанги Русия бо баёни инки Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳар рӯйдоди фарҳангӣ байни ду кишвар ҳимоят мекунад, аз омодагии Сафорати Эрон барои тасҳили ҳузури ҳунармандони рус дар ҳафтаи фарҳангии Русия дар Теҳрону Исфаҳон хабар доду гуфт: Равобити ду кишвар дар абъоди мухталиф дар ҳоли густариш аст ва ҳавзаи фарҳанг муҳимтарин ҳавзае аст, ки метавонад ба шинохти мутақобили мардумони Эрону Русия кумак кунад. /Ирна