Ориф: Ғарб ба эронҳаросӣ ва африқогурезӣ доман задааст
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i119830-Ориф_Ғарб_ба_эронҳаросӣ_ва_африқогурезӣ_доман_задааст
Порс-Тудей. Муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон асри душанбе гуфт: Эронҳаросӣ ва африқогуоезӣ - ду чолиши муҳим аст, ки аз тарафи кишварҳои ғарбӣ ба он доман зада мешавад ва бо афзоиши иртибототу рафтуомадҳо метавонем шоҳиди тавсеаи равобиту афзоиши ҳамкориҳои Эрон ва Африқо бошем.
(last modified 2025-04-29T06:38:49+00:00 )
Апрел 29, 2025 11:37 Asia/Dushanbe
  • Ориф: Ғарб ба эронҳаросӣ ва африқогурезӣ доман задааст

Порс-Тудей. Муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон асри душанбе гуфт: Эронҳаросӣ ва африқогуоезӣ - ду чолиши муҳим аст, ки аз тарафи кишварҳои ғарбӣ ба он доман зада мешавад ва бо афзоиши иртибототу рафтуомадҳо метавонем шоҳиди тавсеаи равобиту афзоиши ҳамкориҳои Эрон ва Африқо бошем.

Муҳаммадризо Ориф дар нишастн бо руасои ҳайатҳои ширкаткунанда дар сеюмин ҳамоиши ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Африқо афзуд: Роҳбурди тавсеаи равобиту ҳамкории самимона дар сутуҳи олӣ ва ҳамаи бахшҳо бо кишварҳои африқоӣ дар дастури кори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон аст.

Муовини аввали раисиҷумҳури Эрон бо ишора ба собиқаи таомулоти деринаи Эрон бо кишварҳои африқоӣ гуфт, ин собиқаи тӯлонӣ пуштвонаву сармояе барои густариши равобити Эрон бо ин қораи куҳан аст. /Хабаргузории садо ва симо