Иддаои ҷадиди Трамп дар бораи музокирот бо Эрон
(last modified Fri, 16 May 2025 12:52:18 GMT )
Май 16, 2025 17:52 Asia/Dushanbe
  • Иддаои ҷадиди Трамп дар бораи музокирот бо Эрон

Порс-Тудей. Раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи ҷумъа бори дигар дар бораи гуфтугӯҳои ҳастаии ғайримустақим бо Эрон изҳори назаре дугона кард.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар ҷараёни сафари худ ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бори дигар паёмҳои дугонаи худро, ки шомили даъват ба музокира ва таҳдид аст, такрор кард ва муддаӣ шуд, Иёлоти Муттаҳида вазъияти Эронро ба ҳар наҳв, ки шуда ҳал хоҳад кард.

Трамп гуфт: “Мо ин вазъиятро ба таври 100 дарсад ҳал хоҳем кард: ё ба хубӣ ва ба таври мусолиматомез ё ба таври нохушоянд, ки барои онҳо чизи хубе нахоҳад буд. /Хабаргузории садо ва симо