Мақоми амрикоӣ : Музокирот бо Эрон созанда буд
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i120308-Мақоми_амрикоӣ_Музокирот_бо_Эрон_созанда_буд
Порстудей - Як мақоми баландпояи амрикоӣ ҷумъа дар гуфтугу бо Райтер бо ишора ба баргузории панҷумин даври музокироти Теҳрон - Вашингтон , гуфт : « Музокирот бо Эрон созанда буда ва мо ба пешрафти бештаре даст ёфтем ва ба зӯдӣ низ даври баъдии музокирот баргузор хоҳад шуд. »
(last modified 2025-05-24T05:23:18+00:00 )
Май 24, 2025 10:14 Asia/Dushanbe
  • Мақоми амрикоӣ : Музокирот бо Эрон созанда буд

Порстудей - Як мақоми баландпояи амрикоӣ ҷумъа дар гуфтугу бо Райтер бо ишора ба баргузории панҷумин даври музокироти Теҳрон - Вашингтон , гуфт : « Музокирот бо Эрон созанда буда ва мо ба пешрафти бештаре даст ёфтем ва ба зӯдӣ низ даври баъдии музокирот баргузор хоҳад шуд. »

Дар поёни даври панҷуми музокироти ғайримустақими Эрону Амрико дар Рим , як мақоми баландпояи давлати дувуми Доналд Трамп ба хабаргузории англисии Райтер гуфт, ки ин гуфтугуҳо « бисёр созанда » будааст . Райтер ба нақл аз ин мақоми аршади амрикоӣ навишт : Стив Виткоф , фиристодаи вижаи Амрико барои гуфтугу бо Теҳрон беш аз ду соъат бо ҳайати эронӣ гуфтугу карда ва тарафҳои тавофуқ карданд, ки дар ояндаи наздик бо якдигар дидор кунанд .