Идомаи ҳамлаҳои ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи Ғазза
(last modified Sat, 24 May 2025 06:46:50 GMT )
Май 24, 2025 11:46 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамлаҳои ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи Ғазза

Порстудей - Режими саҳюнистӣ ҷумъашаб ва рӯзи шанбе бо истифода аз ҷангандаҳо ва танкҳову роботҳои инфиҷорӣ ба наслкушии мардуми Фаластин дар борикаи Ғазза ва нобудии зерсохтҳо ва манзилҳои маскунии онҳо идома дод .


Тӯпхонаҳои режими саҳюнистӣ минтақаи Абулаҷин, воқеъ дар шарқи шаҳри Дайрулбалаҳ дар маркази Ғаззаро ҳадафи ҳамлаҳои худ қарор доданд . Ҳамчунин артиши ишғолгари саҳюнистӣ манотиқи мухталифи Ғаззаи таҳти муҳосираро аз бомдоди шанбе ҳадафи даҳҳо ҳамлаи ҳавоӣ , тӯпхонаӣ ва паҳподӣ қарор дод. Дар Байт Лоҳиё, воқеъ дар шимолу ғарби Ғазза низ ишғолгарони саҳюнистӣ чандин манзили маскуниро ба куллӣ вайрон ва ҳамчунин дар ҳамла ба апартаменти маскӯнӣ аз як хонавода дар минтақаи ал-Амал дар ғарби Хон Юнус чаҳор тан шаҳид ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд .