Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон Теҳронро ба мақсади Масқат тарк кард
(last modified Tue, 27 May 2025 11:07:01 GMT )
Май 27, 2025 16:07 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон Теҳронро ба мақсади Масқат тарк кард

Порс-Тудей. Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба манзури анҷоми сафаре дурӯза, озими Масқат - пойтахти Уммон шуд.

Масъуди Пизишкиён зуҳри рӯзи сешанбе ба манзури анҷоми сафаре дурӯза ва ба даъвати расмии Ҳисом бин Ториқ оли Саид, подшоҳи Уммон, Теҳронро ба мақсади Масқат, пойтахти Уммон тарк кард.

Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷа, Амиразизи Насирзода, вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳ, Аҳмади Мейдарӣ, вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ, Сайид Муҳаммади Атобак, вазири санъат, маъдан ва тиҷорат ва Аминҳусайни Раҳимӣ, вазири додгустарии Эрон, раиси ҷумҳурро дар сафар ба Уммон ҳамроҳӣ мекунанд. /Ирна