Ироқчӣ: Мардуми Эрон зери бори таваққуфи ғанисозӣ намраванд
Порстудей - Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар маросими таҷдиди мисоқ бо ормонҳои бунёнгузори кабири Инқилоби исломӣ зимни таъкид бар ин ки « яке аз усули мо дар баҳси ҳастае, ки мабнои ҳаракати мо дар музокиротро шакл медиҳад , нафй(радди) султа аст » , гуфт : Таваққуфи ғанисозӣ чизе нест, ки мардуми Эрон зери бори он бираванд .
Сайидаббоси Ироқчӣ рӯзи шанбе дар маросими таҷдиди мисоқ бо ормонҳои бунёнгузори кабири Инқилоби исломӣ гуфт : Ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) ба унвони меъмори Инқилоби исломӣ , меъмори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломӣ ва инқилоби исломӣ низ ҳастанд, зербинои сиёсати хориҷӣ аз нигоҳи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) мубтанӣ(устувор) бар нафии султаи хориҷӣ аст . Ироқчи бо таъкид бар инки « доштани энержии сулҳомези ҳастаӣ ҳаққи мусаллами Эрон аст афзуд : Мавзеи мо дар хусӯси масаълаи ҳастаӣ комилан равшан аст .