Ироқчӣ дар Қоҳира: Эрону Миср масъулияти муштарак барои сулҳи минтақа доранд
(last modified Tue, 03 Jun 2025 05:30:18 GMT )
Июн 03, 2025 10:30 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ дар Қоҳира: Эрону Миср масъулияти муштарак барои сулҳи минтақа доранд

Порс-Тудей. Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, сатҳи таомулу ҳамкории сиёсӣ ва аз он муҳимтар мизони эътимоду итминон дар равобити Эрону Миср бесобиқа аст.

Сайид Аббоси Ироқчӣ дар твитте, ки ба забони арабӣ мунташир кардааст, афзуд: Баъд аз солҳои тӯлонӣ дипломатияи Эрону Миср вориди марҳалаи ҷадиде шудааст. Сатҳи таомулу ҳамкории сиёсӣ ва аз он муҳимтар мизони эътимоду итминон дар равобити ду кишвар бесобиқа аст.

Ироқчӣ афзуд, ба унвони ду қудрати муассири минтақа ва бархӯрдор аз фарҳангу тамаддуни бостонӣ, Эрону Миср масъулияти муштарак барои ҳифзи сулҳу суботу оромиши минтақа доранд. /Ирна