Сафири Олмон: Берлин бузургтарин шарики аврупоии иқтисодии Теҳрон аст
Июн 03, 2025 18:26 Asia/Dushanbe
Порс Тудей - Сафири Олмон дар Теҳрон гуфт: Равобити иқтисодӣ байни Эрон ва Олмон бо вуҷӯди ҳамаи фарозу нишебҳо ҳамчунон барқарор аст ва ин кишвар ҳануз бузургтарин шарики иқтисодии Эрон дар байни кишварҳои аврупоӣ аст.
Маркус Потсел дар дидор бо Самади Ҳасанзода, раиси утоқи бозаргонии Эрон изҳор дошт, зарфиятҳои иқтисодӣ қобили таваҷҷӯҳе дар Эрон дар ҳавзаҳои маодин, саноат ва кишоварзӣ вуҷӯд дорад ва Эрон ҷузви 10 кишвари бузурги ҷаҳон аз назари вуҷӯди анвоъи зарфиятҳо ва манобе шинохта мешавад. Илова бар манобеи табиӣ, сатҳи дониш ва ҳӯшмандии мардуми Эрон низ бисёр боло аст. /ИРНА