UNRWA: Аҳолии Ғазза зери гулулаборони шадид дар ҷустуҷӯи ғизо ҳастанд
Порс Тудей - Ожонси имдоду корёбии Созмони милал барои оворагони фаластинӣ (UNRWA) бо интишори ривояти яке аз наҷотёфтагон аз тирандозии низомиёни саҳюнист ба маркази тавзеъи кумакҳо дар ҷануби Борикаи Ғазза эълом кард: Аҳолии гуруснаи Ғазза маҷбур ҳастанд, ки зери оташи шадиду гулӯлаборони низомиёни исроилӣ дар ҷустуҷӯи таъмини ғизо барои худ бошанд.
UNRWA дар баёнияи худ дар шабакаи иҷтимоии Х овардааст: Мардуми гурусна дар Борикаи Ғазза маҷбур шудаанд, ки зери оташи сангину гулӯлаборон дар талош барои таъмини ғизо барои хонаводаҳояшон бароянду ҷони худро ба хатар биандозанд то чизе ба даст оваранд. UNRWA ривояти яке аз наҷотёфтагонро, ки ба маркази тавзеъи кумак дар минтақаи Рафаҳ дар ҷануби Борикаи Ғазза рафта буд, бознашр дод ва ба нақл аз вай эълом кард: Мо бомдод ба самти маркази тавзеъи кумакҳо озим шудем ва беш аз як соат рӯи замин ғалат мезадем ва мехазидем, ҳангоми таваққуфи тирандозӣ, мардуми шурӯ ба давидан карданд, аммо дубора тирандозӣ шуд ва бисёре ҳини давидан захмӣ шуданд. /ИРНА