Эрон: Вуҷуди осори ураниум далеле бар фаъолияти ҳастаӣ нест
Июн 10, 2025 10:06 Asia/Dushanbe
Порс-Тудей. Намояндаи Ҷумҳурии исломии Эрон назди Ожонси байналмилалии энержии атомӣ шомгоҳи душанбе дар вокуниш ба иддаоҳои ахири мудири кулли ожонс гуфт, ки вуҷуди осори ураниум далеле бар фаъолияти ҳастаӣ нест.
Ризо Наҷафӣ бо эъломи ин матлаб афзуд, неруҳои амниятии Эрон аз фаъолиятҳои ҷосусӣ аз бархе маконҳо, иттилооте ба даст оварданд, ки ба ожонс ҳам доданд ва эҳтимолан баъзе аз осори ураниум ба хотири харобкориҳое аст, ки сурат гирифтааст.
Намояндаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ожонси байналмилалии энержии атомӣ гуфт, ки ҳамаи иддаоҳо дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон сиёсӣ аст ва мо ба ҳар иқдоми сиёсии ожонс посух хоҳем дод. /Исна
Барчасп