Масъуди Пизишкиён: Эронро наметавон таҳрим кард
Июн 12, 2025 11:29 Asia/Dushanbe
Порс Тудей - Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба таҳдидҳо ва таҳримҳои Амрико, гуфт: Эронро наметавон таҳрим кард.
Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи панҷшанбе (22 хурдоди 1404) дар ҷамъи «фаъолони иқтисодӣ ва сармоягузорон»-и устони Илом афзуд: Магар метавонанд, Эронро таҳрим кунанд? Марзҳои густардае дорем ва метавонем бо тиҷорат бо ҳамсоягон ҳатто бо арзи миллӣ ва ё ба сурати коло бо коло, мушкилотро ҳал кунем. /ИРНА