Дарҳам кӯбида шудани режими саҳюнистӣ бо 200 мӯшаки балистикии Эрон
Порстудей - Расонаҳои режими саҳюнистӣ шанбе иқрор карданд, ки аз замони оғози ҳамлаҳои Эрон сарзаминҳои ишғолӣ бо камаш 200 мӯшаки балистикӣ ҳадаф қарор гирифтааст.
Канали 12 телевизиони режими саҳюнистӣ эълом кард, ки аз замони оғози ҳамалоти мушакии Эрон дар соъати 21 ҷумъашаб ба вақти маҳаллӣ , 200 мӯшаки балистикӣ ба Исроил ( сарзаминҳои ишғолӣ ) шиллек шудааст . Ин хабар дар ҳоле аст, ки сухангӯи артиши Эрон ҳушдор дод, ки шиллеки мушакии баъдии Ҷумҳурии исломӣ ба Исроил шомили тақрибан 2000 мӯшак хоҳад буд , ҳаддиақал 20 баробари андозаи шиллеки қаблӣ . Мӯшакҳои Эрон бо убӯр аз лояҳои ду сомонаи падофанди ҳавоии « Патриот » ва « Ҳитс » , худро ба аҳдофи мавриди назар дар сарзаминҳои ишғолӣ расонданд