Баррасии таҳаввулоти минтақа дар дидори вазири хориҷаи Эрон бо валиаҳди Арабистон
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i120910-Баррасии_таҳаввулоти_минтақа_дар_дидори_вазири_хориҷаи_Эрон_бо_валиаҳди_Арабистон
Порстудей - Таҳаввулоти минтақа дар дидори вазири умури хориҷаи Эрон бо валиаҳди Арабистони саъӯдӣ баррасӣ ва бар аҳамияти тақвияти амнияту субот дар минтақа таъкид шуд .
(last modified 2025-07-09T06:36:40+00:00 )
Июл 09, 2025 11:26 Asia/Dushanbe
  • Сайидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон ва Муҳаммад бин Салмон оли Сауд,валиаҳди Арабистон
    Сайидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон ва Муҳаммад бин Салмон оли Сауд,валиаҳди Арабистон

Порстудей - Таҳаввулоти минтақа дар дидори вазири умури хориҷаи Эрон бо валиаҳди Арабистони саъӯдӣ баррасӣ ва бар аҳамияти тақвияти амнияту субот дар минтақа таъкид шуд .

Ба гузориши Порстудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо ,Сайидаббоси Ироқчӣ-вазири умури хориҷаи Эрон дар дидор бо  Муҳаммад бин Салмон оли Сауд,валиаҳди Арабистон дар Ҷадда , аз Арабистони саъӯдӣ ба хотири мавзеи ин кишвар дар маҳкӯм кардани ҳамлаи низомии режими Исроил зидди Эрон талошҳои Риёз барои тақвияти амнияту субот дар минтақа қадрдонӣ кард.
Валиаҳди Арабистони саъӯдӣ низ ибрози умедворӣ кард, ки тавофуқи оташбас байни Эрон ва режими саҳюнистӣ ба эҷоди шароите барои тақвияти амнияту субот дар минтақа кумак кунад.