Тазоҳурот дар Мавритания дар маҳкумияти ҷиноёти режими саҳюнистӣ
Июл 12, 2025 11:17 Asia/Dushanbe
-
Тазоҳурот дар Мавритания дар маҳкумияти ҷиноёти режими саҳюнистӣ
Порс тудей- Ҳазорон шаҳрванди аҳли Мавритания дар маҳкумияти идомаи наслкушии режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза тазоҳурот карданд.
Ин роҳпаймои бо шиъори "Ғазза, муқовимат ва пойдори" аз муқобили масҷиди ҷомеъи Нуакшот дар пойтахти Мавриятания оғоз шуд ва то дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид идома ёфт. Тазоҳуроткунандагон бо дар даст доштани парчамҳои Мавриятания ва Фаластин ва тасовири аз раҳбарони муқовимати Фаластин аз ҷумла шаҳидон Исмоили Ҳания, Яҳё Сенвор шиъорҳои дар ҳимоят аз муқовимати Ғазза ва маҳкумияти ҷинояти режими ишғолгари саҳюнистӣ сар доданд. Ширкаткунандагон дар ин тазоҳурот, Амрикоро масъули мустақими идомаи ҷанг ва наслкуши дар Ғазза донистанд.