Олмон: Трамп масъули афзоиши танишҳо бо Эрон аст
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i120976
Порс-Тудей. Раиси Ҷумҳурии Олмон таъкид кард, ки Доналд Трамп, раиси Ҷумҳурии Амрико масъули ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба таъсисоти ҳастаии Эрон ва ташдиди танишҳои ношӣ аз он аст.
(last modified 2025-07-14T06:12:47+00:00 )
Июл 14, 2025 11:11 Asia/Dushanbe
  • Олмон: Трамп масъули афзоиши танишҳо бо Эрон аст

Порс-Тудей. Раиси Ҷумҳурии Олмон таъкид кард, ки Доналд Трамп, раиси Ҷумҳурии Амрико масъули ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба таъсисоти ҳастаии Эрон ва ташдиди танишҳои ношӣ аз он аст.

Франк Валтер Штейнмайер дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии “Зед Ди Эф”, Трампро ба далели хуруҷи якҷониба аз тавофуқи БарҶом дар соли 2018, масъули афзоиши танишҳои ҳастаӣ бо Эрон донист.

Раиси Ҷумҳурии Олмон, ки дар замони музокироти ҳастаӣ бо Эрон, вазири хориҷаи Олмон буд, бо баёни инки дар соли 2015 пас аз музокироти тӯлонӣ, тавофуқе дар мавриди Барномаи ҳастаии Эрон имзо шуд, иддао кард: Дар он замон Эрон фосилаи зиёде бо қобилиятҳои хатарноки имрӯзӣ дошт, аммо ин Трамп буд, ки ибтидо ин тавофуқро бекор карду Эрон ҳам мутаоқибан барномаи ҳастаии худро бештар тавсеа дод.