Оғози нишасти вазирони хориҷаи СҲШ дар Чин
-
Оғози нишасти вазирони хориҷаи СҲШ дар Чин
Порс тудей- Нишасти дурӯзаи вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой рӯзи сешанбе дар шаҳри бандарии Тянҷини Чин бо ҳузури Сайид Аббос Арақчӣ, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ван Йӣ, раиси дастгоҳи дипломатии Чин, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ва вазирони хориҷаи кишварҳои узви ин созмон оғоз шуд.
Ҳадафи аслии ин нишаст баррасии таҳаввулоти ахири сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ дар минтақа ва ҳамоҳангсозии нишасти дарпешистодаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки дар тирамоҳ дар Тянҷин баргузор мешавад, дар назар аст.
Муҳимтарин мавзӯъҳои ин нишаст рушди ҳамкориҳои амниятӣ дар заминаи мубориза бо терроризм, пуштибонии чандҷониба, таҳкими тиҷорати минтақавӣ ва тавсеаи нақши ин созмон дар созишҳои геополитикии Авруосиё мебошанд. Бино ба гузоришҳо, дар ҳошияи нишаст вазирони хориҷаи кишварҳои узви СҲШ мулоқотҳои дуҷониба баргузор мекунанд. Илова бар ин, ҳузури вазири умури хориҷаи Эрон дар ин нишаст ҳамчунин фурсатест барои пайгирии ҳамкориҳои иқтисодӣ, транзитӣ ва амниятии Теҳрон бо аъзои дигари ин созмон.