Ҳизбуллоҳи Лубнон : Исроил фақат забони зӯрро мефаҳмад
-
Ҳизбуллоҳи Лубнон : Исроил фақат забони зӯрро мефаҳмад
Порс тудей - Ҳизбиуллоҳ дар баёнияе эълом кард ки таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба Сурия , ҳалқае аз нақшаҳои он барои таҷовуз ба кишварҳо ва фитнаафканӣ ба шумор меравад .
Ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияе таҷовузи ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба кишвари Сурия ва таҷовузи ошкор ба ҳокимияти миллии онро маҳкӯм кард . Дар баёнияи Ҳизбуллоҳи Лубнон омадааст таҷовузот ба Сурия , такмили сириали таҷовузот ба Лубнон , Фаластин ва Яман аст . Ин ҷунбиш таъкид кард : Ин таҷовузот , ҳалқае аз нақшаҳои душман барои таҷовуз ба кишварҳо ва фитнаафканӣ ва эҷоди шикофи миёни мардуми он ба шумор меравад ва таҷриба собит кардааст ки ин режим ба ҳеҷ аҳду паймон ва ҳеҷ тавофуқӣ пойбанд нест ва танҳо забони зӯрро мефаҳмад . /Хабаргузории Садо ва Симо