Сафири Рӯсия дар Созмони Милал : Поёни муҳосираи борикаи Ғазза зарурӣ аст
-
Сафири Рӯсия дар Созмони Милал : Поёни муҳосираи борикаи Ғазза зарурӣ аст
Порс тудей - Сафиру намояндаи доими Русия дар Созмони Милал , бо таъкид бар лузӯми таваққуфи хушунатҳо ва поёни муҳосираи борикаи Ғазза , вазъияти инсонии вахими фаластиниҳоро ғайриқобили қабул хонду хостори тазмини ҳифозат аз ғайринизомиён шуд .
Василия Небензи , дар нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милал , бо ишора ба ташдиди буҳрони инсонӣ дар борикаи Ғазза , таъкид кард ки режим саҳюнистӣ набояд монеъи ирсоли кумакҳои башардӯстона ба фаластиниҳо шавад . Небензи ҳамчунин ба гузоришҳои мукаррар дарбораи куштори фаластиниҳо ва тахриби хонаҳояшон ишора кард ва ин иқдомотро ғайриқобили қабул хонд . Ӯ нигаронии худро аз вазъияти Каронаи Бохтарӣ руди Урдун низ иброз кард ва гуфт, ки шиддати амалиёти низомии Исроил дар ин минтақа рӯ ба афзоишаст , ки мунҷар ба тахриби густарда ва ташдиди буҳрони инсонӣ барои мардуми Фаластин шудааст . /Ирно