Сенатори демократ : Вашингтон набояд дар поксозии қавмии фаластиниёни Ғазза ҳамдаст бошад
Июл 20, 2025 13:09 Asia/Dushanbe
Порстудей - Як сенатори демократи Амрико дар паёме таъкид кард, ки Амрико набояд дар поксозӣ қавмии ғайринизомиёни фаластинӣ дар борикаи Ғазза нақш дошта бошад.
Крис вин Ҳолн-сенатори демократи Амрико дар паёме дар шабакаи иҷтимои Х дархости Деэвид Борнё , раиси Созмони ҷосӯсии режими саҳюнистӣ ( МОССАД) аз давлати Амрико барои кумак ба кӯчи иҷбории садҳо ҳазор фаластинӣ аз Ғаззаро иқдоми нафратангез ва ғайриинсонӣ аз сӯи кабинаи Бинёмин Натанёҳу , нахуствазири режими саҳюнистӣ тавсиф кард. Ин сенатори демократи Амрико ҳамчунин ҳушдор дод, ки Иёлоти Муттаҳида набояд дар чунин иқдомоте алайҳи ғайринизомиёни фаластинӣ ҳамдаст бошад.
Барчасп