Сенатори демократ : Вашингтон набояд дар поксозии қавмии фаластиниёни Ғазза ҳамдаст бошад
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121078-Сенатори_демократ_Вашингтон_набояд_дар_поксозии_қавмии_фаластиниёни_Ғазза_ҳамдаст_бошад
Порстудей - Як сенатори демократи Амрико дар паёме таъкид кард, ки Амрико набояд дар поксозӣ қавмии ғайринизомиёни фаластинӣ дар борикаи Ғазза нақш дошта бошад.
(last modified 2025-07-20T08:14:13+00:00 )
Июл 20, 2025 13:09 Asia/Dushanbe
  • Сенатори демократ : Вашингтон набояд дар поксозии қавмии фаластиниёни Ғазза ҳамдаст бошад

Порстудей - Як сенатори демократи Амрико дар паёме таъкид кард, ки Амрико набояд дар поксозӣ қавмии ғайринизомиёни фаластинӣ дар борикаи Ғазза нақш дошта бошад.

Крис вин Ҳолн-сенатори демократи Амрико дар паёме дар шабакаи иҷтимои Х дархости Деэвид Борнё , раиси Созмони ҷосӯсии режими саҳюнистӣ ( МОССАД) аз давлати Амрико барои кумак ба кӯчи иҷбории садҳо ҳазор фаластинӣ аз Ғаззаро иқдоми нафратангез ва ғайриинсонӣ аз сӯи кабинаи Бинёмин Натанёҳу , нахуствазири режими саҳюнистӣ тавсиф кард. Ин сенатори демократи Амрико ҳамчунин ҳушдор дод, ки Иёлоти Муттаҳида набояд дар чунин иқдомоте алайҳи ғайринизомиёни фаластинӣ ҳамдаст бошад.