Ҳушдори Эрон дар бораи сӯиистифодаи 3 кишвари аврупоӣ аз механизми Моша
Порс-Тудей. Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар нома ба дабири кулли Созмони Милал навишт: Се кишвари аврупоӣ наметавонанд бо сӯиистифода аз қатъномае, ки худашон ба он пойбанд набудаанд, эътибори Шӯрои амнияти Созмони Милалро зери суол бибаранд.
Сайид Аббоси Ироқчӣ дар номае хитоб ба Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ, Кая Каллас, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо, раиси Шӯрои Амният ва аъзои Шӯрои Амнияти СММ, дар хусуси инки чаро се кишвари аврупоӣ аз ҳеҷ гуна машруияти ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва ахлоқӣ барои фаъолсозии созукорҳои БарҶом ва Қатъномаи 2231-и Шӯрои Амният (мусавваби 2015) бархӯрдор нестанд, навишт: Се кишвари аврупоӣ (E 3) бо иқдомоту изҳороти худ, аз ҷумла ҳимояти сиёсиву моддӣ аз таҷовузи низомии ғайриқонунии ахири режими Исроил ва Амрико, нақзи усули бунёдини БарҶом ва ҳамчунин кутоҳии мустамару тӯлонимуддат дар амал ба тааҳҳудоташон, амалан ҷойгоҳи худро ба унвони ширкаткунанда дар БарҶом аз даст додаанд.
Вазири хориҷаи Эрон афзуд, аз ин рӯ, ҳар гуна талоши онон барои эҳёии қатъномаҳои лағвшудаи Шӯрои Амният беэътибор ва аз назари ҳуқуқӣ ботил аст.