Нашрияи"Ню Йорк Таймс" дар бораи шикасти режими саҳюнистӣ дар Ғазза
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121120-Нашрияи_Ню_Йорк_Таймс_дар_бораи_шикасти_режими_саҳюнистӣ_дар_Ғазза
Рӯзи гузашта рӯзномаи амрикоии "Ню-Йорк Таймс" тирандозии фаластиниҳои гурусна, тахриби зербино, гуруснагӣ ва дуздиро танҳо дастовардҳои ҷанги режими саҳюнистӣ дар Ғазза хонд.
(last modified 2025-07-22T16:31:16+00:00 )
Июл 22, 2025 20:02 Asia/Dushanbe
  • Нашрияи\
    Нашрияи\"Ню Йорк Таймс\" дар бораи шикасти режими саҳюнистӣ дар Ғазза

Рӯзи гузашта рӯзномаи амрикоии "Ню-Йорк Таймс" тирандозии фаластиниҳои гурусна, тахриби зербино, гуруснагӣ ва дуздиро танҳо дастовардҳои ҷанги режими саҳюнистӣ дар Ғазза хонд.

Рӯзномаи "Ню Йорк Таймс" навишт: Коршиносон тайи якуним соли ахир ҳушдор додаанд, ки нокомии Исроил (режим) дар интиқоли қудрат дар Ғазза боиси нооромиҳо ва бесарусомонӣ дар минтақа шудааст ва талошҳо барои расонидани кумак ва шикасти Ҳамос ноком шудааст. Рӯзномаи "Ню Йорк Таймс" бо ишора ба тирандозии ғайринизомиён дар марокизи тавзеъи ғизо аз сӯи сарбозони исроилӣ аз ихтилофи миёни тарафдорони механизми тақсими ғизо аз сӯи режими саҳюнистӣ ё Созмони Милал хабар дод ва навишт: Онҳое, ки низоми тақсими ғизои СММ-ро мепазиранд, мегӯянд, ин кушторҳо нокомии бархӯрди Исроил (режим) аст.