Тавофуқи Русия ва Украина барои табодули асирони низомӣ ва афроди ғайринизомӣ
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121150-Тавофуқи_Русия_ва_Украина_барои_табодули_асирони_низомӣ_ва_афроди_ғайринизомӣ
Порс тудей - Русия ва Украина дар поёни сеюмин даври музокирот дар Истанбули Туркия тавофуқ карданд ки асирони низомӣ ва ҳамчунин ғайринизомиёнро мубодила кунанд .
(last modified 2025-07-24T14:13:43+00:00 )
Июл 24, 2025 19:08 Asia/Dushanbe
  • Баргузории сеюмин даври музокироти Русия ва Украина дар Истанбул
    Баргузории сеюмин даври музокироти Русия ва Украина дар Истанбул

Порс тудей - Русия ва Украина дар поёни сеюмин даври музокирот дар Истанбули Туркия тавофуқ карданд ки асирони низомӣ ва ҳамчунин ғайринизомиёнро мубодила кунанд .

Владимир Мединский дастёри раиси ҷумҳӯрии Русия ва раиси ҳайати музокиракунандаи рӯси дирӯз чаҳоршанбе , пас аз даври сеюми музокирот бо Украина дар Истанбул гуфт : Дуюмин табодули бузург ва бесобиқаи  асирони ҷангии байни Русия ва Украина такмил шудааст . Вай афзӯд : Дар ҳоли ҳозир , табодули охирин гурӯҳи  асироне, ки тақрибан 250 нафар аз ҳар тараф мешавад дар марзи Украина ва  Беларусия дар ҳоли анҷом аст , бинобарин , дуюмин табодули бузург ва бесобиқа аз ҳудӯди 1200 асири ҷангӣ такмил шудааст . / Ирно am