Вокуниши сафорати Эрон дар Донморк ба иттиҳомоти беасоси ғарб
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121282
Порс тудей- Сафорати Эрон дар Донморк ҷумъа бо судури баёнияи расми, иттиҳомоти матраҳшуда аз суи бархе кишварҳои ғарби зидди Ҷумҳурии Исломии Эронро қавиян рад кард ва афзуд, ки ин иддаоҳо беасос, бедуни санад ва бахше аз як корзори сиёсӣ барои бадномсозии Эрон аст.
(last modified 2025-08-02T06:41:47+00:00 )
Август 02, 2025 11:40 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши сафорати Эрон дар Донморк ба иттиҳомоти беасоси ғарб
    Вокуниши сафорати Эрон дар Донморк ба иттиҳомоти беасоси ғарб

Порс тудей- Сафорати Эрон дар Донморк ҷумъа бо судури баёнияи расми, иттиҳомоти матраҳшуда аз суи бархе кишварҳои ғарби зидди Ҷумҳурии Исломии Эронро қавиян рад кард ва афзуд, ки ин иддаоҳо беасос, бедуни санад ва бахше аз як корзори сиёсӣ барои бадномсозии Эрон аст.

Дар баёнияи сафорати Эрон дар Донморк омада аст: Ҷумҳурии Исломии Эрон иттиҳомоти бепоя ва бо ангезаи сиёсии матраҳшуда дар бораи дахолат дар фаъолиятҳои бурунмарзи зидди мухолифон, рузноманигорон ё мақомотро қавиян такзиб мекунад ин иддаоҳо комилан нодуруст ва фоқиди ҳаргуна санади муътабар ҳастанд ва ба назар мерасад бахше аз талоши амди барои тахриби ваҷҳаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бошад.

Ин ниҳои дипломотики Эрон таъкид кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба қавонини байналмилалӣ пойбанд аст ба ҳокимияти миллатҳо эҳтиром мегузорад ва асли адами мудохила дар умури дохилии дигар кишварҳоро риъоят мекунад ҳамчунин дар ин баёния таъкид шуда аст: Мо қотеъона ҳаргуна дахолат дар иқдомоти иддаоиро рад мекунем ва аз касоне, ки чунин иттиҳомотеро матраҳ мекунанд мехоҳем ба ҷои такя бар гумоназаниҳои бепоя санадҳои қобили исбот ироа диҳанд.