Сандерс : 60 дарсади амрикоиҳо мухолифи ҷанг алайҳи фаластиниён ҳастанд
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121310
Порстудей - Сенатори мустақили иёлати Вермонт гуфт : 60 дарсад аз амрикоиҳо бо ҷанги ваҳшиёнаи Бинёмин Натанёҳу-нахуствазири Исроил алайҳи мардуми Фаластин мухолиф ҳастанд.
(last modified 2025-08-03T07:45:05+00:00 )
Август 03, 2025 12:37 Asia/Dushanbe
  • Берни Сандерс, сенатори мустақили иёлати Вермонт
    Берни Сандерс, сенатори мустақили иёлати Вермонт

Порстудей - Сенатори мустақили иёлати Вермонт гуфт : 60 дарсад аз амрикоиҳо бо ҷанги ваҳшиёнаи Бинёмин Натанёҳу-нахуствазири Исроил алайҳи мардуми Фаластин мухолиф ҳастанд.

Берни Сандерс, сенатори мустақили иёлати Вермонт шанбешаб дар шабакаи иҷтимои Х бо ёдоварии мухолифати амрикоиҳо бо ҷанг алайҳи мардуми Ғазза афзуд : Мо дар пешрафт барои додани раъйи мухолифи демократҳо ба таъмини молии ин ҷанг ҳастем. Вай навишт : Акнун замони мутақоъид шудани ҷумҳӯрихоҳон аст. Оё як ҷумҳӯрихоҳи маъмӯлӣ мехоҳад, ки миллиардҳо доллар сарфи гуруснагӣ додан ба кӯдакон шавад ? фикр намекунам чунин бошад.

Сандерс дар ҳафтаҳои ахир талошҳоеро барои қатъи кумаки таслеҳотии Амрико ба режими саҳюнистӣ оғоз кардааст ва дар ин росто қаътномае ба Сенат ироа кард, ки тасвиб нашуд.