Вазорати хориҷаи Эрон: Беҳурматии муҷаддади саҳюнистҳои ифротӣ ба Масҷидулақсоро маҳкум мекунем
Порс Тудей - Сухангуи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон асри якшанбе беҳурматии муҷаддади саҳюнистҳои ифротӣ ба Масҷидулақсо ба саркардагии яке аз вузарои ҷинояткори кабинаи ин режимро ба шиддат маҳкӯм кард.
Исмоили Бақоӣ таъкид кард, ки ин таъарруз, ки нақзи ошкори ҳурмату ҷойгоҳи динии Масҷидулақсо, ин макони муқаддас ва низ нақзи ошкори қатъномаҳои Созмони милал мебошад, нишонаи дигаре аз нияти шуми режими саҳюнистӣ барои истимрори танишу буҳронофаринӣ дар Фаластини ишғолӣ ва минтақа аст. Сухангуи вазорати хориҷаи Эрон тасреҳ кард: Масҷидулақсо ба унвони қиблагоҳи нахустин мусулмонон эҳтироми вижае дар байни мусулмонону мардуми Фаластин дорад ва фирқаи саҳюнистии ҳоким бар Фаластини ишғолӣ бо беҳурматӣ нисбат ба ин макони муқаддас дарсадади тағйири ҳувияти исломӣ ва торихии Қудси Шариф, таҳрики эҳсосоти мусулмонони ҷаҳону ташдиди таниш дар Фаластини ишғолӣ аст. Вай таъкид кард, ки Байтулмуқаддаси якпорча, пойтахти ҳамешагии Фаластин аст ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ вазифа дорад, режими ишғолгарро водор ба таваққуфи сиёсатҳои нажодпарастона ва ҷинояткорона алайҳи сарзамину мардуми Фаластин кунад.