Шарти Ҳамос барои азсаргирии музокирот аз қавли расонаи саҳюнистӣ
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121334-Шарти_Ҳамос_барои_азсаргирии_музокирот_аз_қавли_расонаи_саҳюнистӣ
Порс Тудей - Як рӯзномаи исроилӣ рӯзи душанбе ба нақл аз як манба гузориш дод, ки Ҷунбиши фаластинии Ҳамос хостори вуруди садҳо комиюн(мошини бокаш)-и кумак ба Ғазза ба унвони пешшарти идомаи музокирот бо режими саҳюнистӣ шудааст.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Август 04, 2025 10:21 Asia/Dushanbe
  • Шарти Ҳамос барои азсаргирии музокирот аз қавли расонаи саҳюнистӣ

Порс Тудей - Як рӯзномаи исроилӣ рӯзи душанбе ба нақл аз як манба гузориш дод, ки Ҷунбиши фаластинии Ҳамос хостори вуруди садҳо комиюн(мошини бокаш)-и кумак ба Ғазза ба унвони пешшарти идомаи музокирот бо режими саҳюнистӣ шудааст.

Рӯзномаи исроилии Jerusalem Post афзуда, ки ин дархост дар рӯзҳои ахир ба миёнҷигарони музокирот миёни Ҳамосу Исроил мунтақил шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки дар рӯзҳои гузашта дар пайи хурӯҷи режими саҳюнистӣ аз музокироти ғайримустақим дар Давҳаи Қатар бо ҷунбиши Ҳамос, ин музокирот ноком монад. Дар дувуми март, режими саҳюнистӣ гузаргоҳҳои Ғаззаро ба рӯи вуруди кумакҳои башардӯстона, имдодӣ ва пизишкӣ ба ин борика баст ва боиси вахомати бесобиқаи авзоъи инсонӣ дар ин минтақа шуд. Ахиран, музокироту талошҳое барои дастёбӣ ба тавофуқи оташбаси эҳтимолӣ дар Ғазза,бо миёнҷигарии Қатар, Миср ва Иёлоти муттаҳида, азсар гирифта шуд, ки пешниҳодоти он шомили отаҳшбаси 60 рӯза, таваққуфи хусуматҳо ва табодули ҷузъии зиндониёну боздошт шудагон ва ба дунболи он оғози музокирот бо ҳадафи оташбаси доимӣ ва поёни ҷанг буд.