ЮНИСЕФ : Ҳар рӯзи 28 кӯдак дар Ғазза ҷон медиҳанд
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121366
Порстудей - Сандӯқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ ) эълом кард, ки ҳар рӯзи 28 кӯдак дар борикаи Ғазза дар натиҷаи бомбаборон ва гуруснагӣ ҷони худро аз даст медиҳанд .
(last modified 2025-08-05T10:19:33+00:00 )
Август 05, 2025 15:13 Asia/Dushanbe
  • ЮНИСЕФ : Ҳар рӯзи 28 кӯдак дар Ғазза ҷон медиҳанд

Порстудей - Сандӯқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ ) эълом кард, ки ҳар рӯзи 28 кӯдак дар борикаи Ғазза дар натиҷаи бомбаборон ва гуруснагӣ ҷони худро аз даст медиҳанд .

ЮНИСЕФ бо ишора ба дарду ранҷи кӯдакони Ғазза таъкид кард : Ҳар рӯз кӯдакони бисёре дар Ғазза дар натиҷаи бомбаборон, гуруснагӣ ва камбуди хадамоти ҳаётӣ ҷони худро аз даст медиҳанд, ки ин миқдор муодили шумори ҳозирони як синфи дарс аст. Дар ҳамин росто , Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза эълом кард, ки шаҳрвандони ин борика дар муҳити ғайрибеҳдоштӣ ба далели вуҷуди ҳашарот , мӯш ва пасмондаҳо зиндагӣ мекунанд ва бемориҳои меъда ва  танаффусӣ дар Ғазза ривоҷ пайдо кардааст. Ин вазоратхона ҳамчунин бо ишора ба инки бештари марказҳои дармонии Ғазза аз чархаи хизмат хориҷ шудаанд , афзуд : Аввалин касоне, ки таҳти таъсири гуруснагӣ ва беморӣ қарор мегиранд , ашхоси осебпазир ба вижа кӯдакон ҳастанд . Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза ҳамчунин эълом кард, ки шаш фаластинӣ аз ҷумлаи як кӯдак ширхор рӯзи душанбе бар асари гуруснагӣ ва қаҳтӣ дар Ғазза ба шаҳодат расиданд.