Вазорати хориҷаи Эрон: Овозаҳои музокира бо Амрико ҷанги равонии душман аст
Порс Тудей. Сухангуи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон панҷшанбе бо такзиби ҳар гуна таъйини замону макон барои музокирот бо Амрико, шоиот(овоза)-и ахирро бахше аз «ҷанги равонӣ» ва талоше барои «илтиҳобзоӣ» аз сӯи душман хонд.
Исмоил Бақоӣ дар гуфтугуии радиоӣ ба ташреҳи охирин мавозеъи дастгоҳи дипломасӣ дар қиболи таҳаввулоти ахир, аз ҷумла музокирот бо Амрико, нақшофаринии Чин, ҳамкорӣ бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ва механизми моша пардохт ва бо ишора ба шоиоти матраҳ шуда дар бораи музокироти Эрону Амрико, ҳар гуна таъйини замону макон барои ин музокиротро такзиб кард ва изҳор дошт, дар ин се чаҳор ҳафта, хабарҳои ҷаълӣ ва сохтагӣ бисёр мунташир шуда ва борҳо ҳам нодурустиашон исбот шуда, ки бахше аз ин хабарҳо дар садади илтиҳобзоӣ ҳастанд. Вай ба намунаҳое аз ин ахбори кизб монанди тахлияи сафоратхонаҳои хориҷӣ дар Теҳрон ишора карду афзуд, ҳамаи инҳо собит шуд, ки ҳеҷ мабное надоштааст, бинобар ин, ҳамаи мо бояд дар хабарҳое, ки мешинавем таъаммул кунем ва аз бознашри гузоришҳои хабарӣ, ки воқеан ҳеҷ мабное надорад ва бо каме тааммул, бемантиқии он ошкор мешавад, худдорӣ кунем.