Падидаи гуштини Эрон дар пиёдаравии Арбаъин
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121480-Падидаи_гуштини_Эрон_дар_пиёдаравии_Арбаъин
Порс Тудей- Миллипӯши гуштини юнонӣ-римии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе пиёдаравии Арбаъинро бисёр фарқкунанда аз дигар маросимҳо тавсиф кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Август 11, 2025 17:40 Asia/Dushanbe
  • Падидаи гуштини Эрон дар пиёдаравии Арбаъин

Порс Тудей- Миллипӯши гуштини юнонӣ-римии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе пиёдаравии Арбаъинро бисёр фарқкунанда аз дигар маросимҳо тавсиф кард.

Ғуломризо Фаррухӣ, ки бо шикаст додани Муҳаммадалӣ Гароӣ, ҳамчун миллипӯши гуштини юнонӣ-римии Эрон дар вазни 72 кило интихоб шудааст, ҳамроҳи шумори дигар аз варзишгарон ва қаҳрамонон дар пиёдаравии Арбаъин ҳузур пайдо кард. Миллипӯши гуштини юнонӣ-римии Эрон дар тавсифи ин маросими маънавӣ гуфт, ҳису ҳоли аҷибе доштам, ҳамеша дӯст доштам чунин сафарҳоро таҷриба кунам, сахтӣ монанди гармии ҳаво дар масири ин пиёдаравӣ вуҷуд дорад, аммо бовар дорам ин сахтӣ ва гармӣ низ бахше аз хотираҳо ва зебоиҳои ин сафари маънавӣ аст. Ғуломризо Фаррухӣ, бо баёни ин ки қарор буда ҳамроҳи модараш ба Карбало ва Наҷаф сафар кунад ва дар пиёдаравии Арбаъин ҳузур дошта бошад, аммо бо тамоси Ҳасан Рангрез, сармураббии тими миллӣ, ҳамроҳи ҷамъе аз варзишгарони Эрон ба Карбало рафтааст, гуфт, сафари зиёратӣ ба ман ҳису ҳоли хос медиҳад ва қабл аз ҳар мусобиқае ба сафари Карбало ё Машҳади муқаддас меравам ва аз зиёрати Аъимма (а) рӯҳия мегирам ва ин сафарҳо ба ман нерӯ ва қуввати дил медиҳанд.