Баёнияи муштараки 31 кишвари исломӣ дар маҳкумияти суханони Натаняҳу
Порс Тудей – Вазирони корҳои хориҷии 31 кишвари арабӣ ва исломӣ ҳамроҳ бо созмонҳои минтақаӣ, изҳороти Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар бораи «Исроили бузург»-ро шадидан маҳкум карданд ва онро таҳдиди мустақим алайҳи амнияти миллии араб ва сулҳи минтақаӣ донистанд.
Вазирони корҳои хориҷии 31 кишвари арабӣ ва исломӣ, ҳамроҳ бо дабири кулли Иттиҳоди Араб, дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ ва дабири кулли Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс, дар баёнияи муштараке таъкид карданд, ки изҳороти Натаняҳу нақзи фоҳиши қонунҳои байналмилалӣ ва усули равобити байналмилалӣ, таҳдиди мустақим ба амнияти миллии араб ва соҳибихтиёрии кишварҳо ва таҳдиде барои амният ва сулҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад.
Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои арабӣ ва исломӣ бо таъкид бар эҳтироми худ ба ҳуқуқи байналмилалӣ ва Оинномаи Созмони Милал, ба вижа моддаи 2 банди 4, дар бораи манъи истифода аз зӯр ё таҳдид ба он, эълом карданд, ки ин кишварҳо тамоми сиёсатҳо ва иқдомоти лозимро барои таҳкими сулҳ, амният ва рушд ба дур аз ҳар гуна султа ва зӯр ба кор хоҳанд бурд.
Ин баёния ҳамчунин иқдомоти Бетсалел Смутрич, вазири молияи Исроил, дар тасвиби тарҳҳои истеъморӣ дар минтақаи «E1» ва изҳороти нажодпарастонаи ӯ алайҳи ташкили давлати Фаластинро шадидан маҳкум карда, онро нақзи ошкори қонунҳои байналмилалӣ ва таҷовуз ба ҳаққи фаластиниён барои ташкили давлати мустақил бо пойтахти Қудси Шарқӣ дониста ва таъкид кардааст, ки Исроил ҳеҷ соҳибихтиёрии қонуние бар сарзаминҳои ишғолии фаластинӣ надорад.