Таъкиди Ироқчӣ бар зарурати тақвияти ҳамкориҳои Эрон ва Русия
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121560-Таъкиди_Ироқчӣ_бар_зарурати_тақвияти_ҳамкориҳои_Эрон_ва_Русия
Порс Тудей – Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе дар дидор бо сарконсули нави Эрон дар Астрахани Русия, бо ишора ба аҳамияти равобити Теҳрон ва Маскав, бар зарурати тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, бозаргонӣ, фарҳангӣ ва консулӣ ва таваҷҷуҳ ба умури эрониёни хориҷ аз кишвар дар минтақаи маҳали масъулият таъкид кард.
(last modified 2025-08-16T12:29:23+00:00 )
Август 16, 2025 17:27 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Ироқчӣ бар зарурати тақвияти ҳамкориҳои Эрон ва Русия

Порс Тудей – Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе дар дидор бо сарконсули нави Эрон дар Астрахани Русия, бо ишора ба аҳамияти равобити Теҳрон ва Маскав, бар зарурати тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, бозаргонӣ, фарҳангӣ ва консулӣ ва таваҷҷуҳ ба умури эрониёни хориҷ аз кишвар дар минтақаи маҳали масъулият таъкид кард.

Аҳмад Ҳайдариён, сарконсули нави Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Астрахани Русия, қабл аз рафтан ба маҳалли масъулият, боСайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дидор ва гузорише аз минтақаи масъулият ва зарфиятҳои мавҷуд ва барномаи пешниҳодии худ барои пешбурди кор дар масъулияти нав ироа кард. Вазири корҳои хориҷии Эрон дар ин дидор бо ишора ба аҳамияти равобити Ҷумҳурии Исломӣ ва Русия, бар зарурати тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар минтақаи масъулияти Ҳайдариён таъкид кард.

Сарконсули нави Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Астрахани Русия қаблан дар вазифаҳои раиси идораи иттилоот ва бюллетени сиёсӣ, муовини сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия ва раиси идораи донишҷӯён, бурсияҳо ва мактабҳои хориҷии идораи кулли консулӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ фаъолият кардааст.