Режими Исроил: Гуруснагӣ дар Навори Ғазза вуҷуд надорад!
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121658-Режими_Исроил_Гуруснагӣ_дар_Навори_Ғазза_вуҷуд_надорад!
Порс Тудей - Пас аз он ки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ барои нахустин бор вуқӯи қаҳтиро дар Ғазза расман таъйид кард, Вазорати умури хориҷаи режими Исроил баровардҳои Созмони ҷаҳонии тандурустиро иштибоҳ хонд ва иддао кард, ки ин гузоришҳо дар сатли зубола(ахлот) хоҳад афтод.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Август 22, 2025 18:42 Asia/Dushanbe
  • Режими Исроил: Гуруснагӣ дар Навори Ғазза вуҷуд надорад!

Порс Тудей - Пас аз он ки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ барои нахустин бор вуқӯи қаҳтиро дар Ғазза расман таъйид кард, Вазорати умури хориҷаи режими Исроил баровардҳои Созмони ҷаҳонии тандурустиро иштибоҳ хонд ва иддао кард, ки ин гузоришҳо дар сатли зубола(ахлот) хоҳад афтод.

Вазорати умури хориҷаи режими Исроил иддао кард, ки гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ сохтагӣ аст ва ин гуна тарроҳӣ шудааст, то бо маъракаҳои таблиғотии Ҳамос ҳамхонӣ дошта бошад.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ эълом кардааст, ки қаҳтӣ дар навори Ғазза дар ҳоли густариш буда ва ин нахустин бор аст, ки ин қаҳтӣ дар Ховари Миёна расад мешавад.

Ин созмон эълом кард, беш аз 55 ҳазор навзоди ширхор ва зани ҳомиладор дар навори Ғазза ба тағзияи бештар ниёз доранд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тасреҳ кард, қаҳтӣ дар ақсо нуқоти навори Ғазза дар ҳоли густариш аст. /ИСНА