Дидори вазирони умури хориҷаи Эрон ва Миср дар Ҷидда
-
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон ва Бадр Абдулъотӣ, вазири умури хориҷаи Миср
Порс Тудей - Вазири умури хориҷаи Эрон, пеш аз оғози нишасти вазирони умури хориҷаи Созмони ҳамкории исломӣ дар Ҷидда, бо вазири умури хориҷаи Миср дидор ва табодули назар кард.
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон ва Бадр Абдулъотӣ, вазири умури хориҷаи Миср, дар бораи охирин таҳаввулоти дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ, ба вижа дар бораи вазъияти буҳронии инсонӣ дар Ғазза ба далели идомаи муҳосираи золимонаи ин борика ва тарҳҳои таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ барои ташдиди ҳамлаҳо ва ишғоли комили навори Ғазза табодули назар ва бар иқдоми фаврӣ ва муассири кишварҳои исломӣ барои таваққуфи наслкушӣ ва тасҳили вуруди кумакҳои башардӯстона ба ин минтақа таъкид карданд.
Вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар аҳамияти баҳрабардорӣ аз зарфиятҳои ҳамкории ҷамъии кишварҳои исломӣ барои муқобила бо иқдомоти хусуматонаи режими саҳюнистӣ афзуд: "Ҳамбастагӣ ва иттиҳод миёни кишварҳои мусулмон дар баробари таҳдидоти муштарак, ба вижа сиёсатҳои тавсеаталабонаи режими Исроил, аз аҳамияти вижае бархурдор аст ва бояд аз тамоми зарфиятҳо барои тақвияти ҳамкориҳои ҷамъӣ ва муқобилаи муассир бо ин режими наслкуш истифода кард."
Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Миср бар лузуми идомаи машваратҳо ва ройзаниҳо дар сатҳҳои дуҷониба ва чандҷониба ва ҳамчунин дар маҷмаъҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз ташдиди буҳронҳо ва ҳифзи субот дар минтақа таъкид карданд./ Садо ва Симо