Маҷмаи уламои мусулмон: Силоҳи муқовимат, силоҳи Лубнон аст
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121846-Маҷмаи_уламои_мусулмон_Силоҳи_муқовимат_силоҳи_Лубнон_аст
Порс Тудей - Раиси ҳайати уманои Маҷмаи уламои мусулмон таъкид кард, ки силоҳи муқовимат дар Лубнон на танҳо силоҳи Ҳизбуллоҳ, балки силоҳи ҳамаи Лубнон аст ва бо вуҷуди ҳамаи фишорҳо, аз он даст нахоҳем кашид.
(last modified 2025-09-07T05:12:35+00:00 )
Сентябр 07, 2025 10:10 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҳайати уманои Маҷмаи уламои мусулмон
    Раиси ҳайати уманои Маҷмаи уламои мусулмон

Порс Тудей - Раиси ҳайати уманои Маҷмаи уламои мусулмон таъкид кард, ки силоҳи муқовимат дар Лубнон на танҳо силоҳи Ҳизбуллоҳ, балки силоҳи ҳамаи Лубнон аст ва бо вуҷуди ҳамаи фишорҳо, аз он даст нахоҳем кашид.

Шайх Ғозӣ Ҳанинӣ дар маросими ҷашни милоди Пайғамбари ислом (с) ва Ҳафтаи ваҳдати исломӣ дар Бейрут афзуд: мо ба ҳеҷ мақоми лубнонӣ иҷоза нахоҳем дод, ки тасмиме барои хориҷ кардан ё халъи силоҳи муқовимат бигирад. Вай бо баёни ин ки хостаҳои мо мутобиқ бо банди марбут ба муқовимат дар тавофуқи Тоиф равшан аст, афзуд: мо масъули ин суханон ҳастем ва дар пешгоҳи Худованд ва мардуми Лубнон масъулият дорем. Ҳанинӣ таъкид кард, ки Лубнон сарфи назар аз фишорҳои хориҷӣ, ба силоҳи муқовимат пойбанд хоҳад монд. /ИРНА