Ҳазорон аврупоӣ барои поёни ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза ба хиёбон омаданд.
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i121854-Ҳазорон_аврупоӣ_барои_поёни_ҳамлаҳои_Исроил_ба_Ғазза_ба_хиёбон_омаданд.
Порс Тудей - Ҳазорон нафар аз ҳомиёни Фаластин дар шаҳрҳои бузурги Аврупо барои таваққуфи ҳамлаҳои мудовими Исроил ба навори Ғазза ба хиёбонҳо омаданд ва ин ҳамлаҳоро «наслкушӣ» донистанд.
(last modified 2025-09-07T07:13:00+00:00 )
Сентябр 07, 2025 12:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳазорон аврупоӣ барои поёни ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза ба хиёбон омаданд
    Ҳазорон аврупоӣ барои поёни ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза ба хиёбон омаданд

Порс Тудей - Ҳазорон нафар аз ҳомиёни Фаластин дар шаҳрҳои бузурги Аврупо барои таваққуфи ҳамлаҳои мудовими Исроил ба навори Ғазза ба хиёбонҳо омаданд ва ин ҳамлаҳоро «наслкушӣ» донистанд.

Дар Париж, муътаризон бо дар даст доштани парчамҳои Фаластин дар майдони машҳури «Плас де ла Републик» (Place de la République) гирди ҳам омаданд ва шиорҳое чун «Ғазза, Париж бо туст» ва «Зинда бод муқовимати Фаластин» сар доданд.Муътаризон аз давлати Фаронса хостанд, то таҳримҳое алайҳи Тел-Авив эъмол кунад ва аз мардуми ин кишвар хостанд ширкатҳои байналмилалии ҳомии Исроилро таҳрим кунанд. Оилаҳо ҳамроҳ бо фарзандонашон дар ин роҳпаймоӣ ширкат карданд. /ИРНА