Натаняҳу кишварҳои мизбони раҳбарони Ҳамосро таҳдид кард
-
Бинёмин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ
Порс Тудей - Бинёмин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ба Қатар ва «кишварҳое, ки мизбони раҳбарони ҷунбиши Ҳамос» ҳастанд, ҳушдор дод.
Бинёмин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ гуфт: «Ба Қатар ва тамоми кишварҳое, ки раҳбарони Ҳамосро паноҳ медиҳанд, мегӯям: ё онҳоро ихроҷ кунед ё ба адолат бисупоред, вагарна мо ин корро анҷом хоҳем дод.»
Рӯзи сешанбе, артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, ки ҳамлаи ҳавоӣ ба дафтари раҳбарии Ҳамос дар Давҳа анҷом додааст, аммо то кунун дар бораи натоиҷи он гузорише ироа накардааст. Қатар ин ҳамлаи режими саҳюнистиро маҳкум ва таъкид кард, ки ҳаққи посухгӯӣ ба ин таҷовузро барои худ маҳфуз медонад. Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла муттаҳидони наздики режими саҳюнистӣ ин иқдоми Исроилро маҳкум кардаанд. / Хабаргузории Садо ва Симо