Ҳамлаи фаъолони зиддиҷанг ба студияи шабакаи 14-и режими саҳюнистӣ
-
Ҳамлаи фаъолони зиддиҷанг ба студияи шабакаи 14-и режими саҳюнистӣ
Порс Тудей- Мухолифони сиёсатҳои Бинёмин Натаняҳу, нахуствазири Исроил дар эътироз ба идомаи ҷанги Ғазза ва табодул накардани асирон бо ҷунбиши Ҳамос, ба студияи шабакаи 14-и режими саҳюнистӣ ҳуҷум карданд.
Рӯзномаи "Маарив" дар ин бора навишт, ки муътаризони хашмгин бо ворид шудан ба студияи шабакаи 14-и Исроил, зимни дархост барои поён ёфтани ҷанги Ғазза, хоҳони анҷоми тавофуқи оташбас ва табодули асирон бо ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) шуданд. Ин нахустин боре нест, ки студияи пахши мустақими шабакаҳои исроилӣ ҳадафи ҳамлаи муътаризон ва фаъолони зиддиҷанг қарор мегирад, як моҳ пеш низ студияи шабакаи 13-и режими саҳюнистӣ ҳадафи ҳамлаи муътаризон қарор гирифт. / Хабаргузории Садо ва Симо