Пизишкиён : Равобити Эрону Тоҷикистон ба шакли ризоятбахше дар ҳоли иртиқо аст
Порстудей - Раиси Ҷумҳури исломии Эрон бо баёни инки равобити Эрону Тоҷикистон бо такя бар иштирокоти забонӣ,торихӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ ба шакли ризоятбахше дар ҳоли иртиқо(афзоиш)аст , гуфт : Ду кишвар зарфиятҳои хубе барои ҳамкорӣ бо якдигар доранд, ки фаъол кардани онҳо боиси таъмини манофеи ду миллат хоҳад шуд.
Ба гузориши ИРНА,Масъуди Пизишкиён- раиси Ҷумҳӯри исломии Эрон асри душанбе дар ҳошияи нишасти изтирории сарони кишварҳои исломӣ ва Иттиҳодияи Араб дар Давҳаи Қатар , дар дидори Эмомалӣ Раҳмон- раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон , зимни ибрози хурсандӣ аз дидор бо вай изҳор дошт : Вақте фосилаи байни мулоқотҳои мо кӯтоҳ мешавад , дидорҳо аз ҷанбаи дипломатии расмии хориҷ шудаву самимияту дӯстӣ бар онҳо ҳоким мешавад, ки ин масъала ба пешбурди ҳамкориҳои байниякдигарӣ кумак мекунад.