Ардуғон : Режими саҳюнистӣ бояд аз тарҳи оташбаси Ғазза пайравӣ кунад
-
Раҷаб Тайиб Ардуғон-раиси ҷумҳурии Туркия
Порстудей - Раиси ҷумҳурии Туркия дар баёнияе эълом кард, ки режими саҳюнистӣ бояд фавран тамоми ҳамлаҳои худ ба борикаи Ғаззаро мутаваққиф ва аз тарҳи оташбаси Доналд Трамп-раиси ҷумҳурии Амрико пайравӣ кунад.
Раҷаб Тайиб Ардуғон-раиси ҷумҳурии Туркия дар сафҳаи шахсии худ дар Х навишт : Посухи ҷунбиши Ҳамос ба тарҳи барқарории оташбас дар Ғазза гоми созандаву муҳим дар ҷиҳати дастёбӣ ба сулҳи пойдор аст. Режими Исроил бояд фавран тамоми ҳамалоти худро мутаваққиф карда ва аз тарҳи оташбас пайравӣ кунад. Ҷунбиши фаластинии муқовимати исломӣ ( Ҳамос ) дар посух ба тарҳи оташбаси Трамп бо таваққуфи комили ҷанг , табодули асирон ва идораи мустақили Ғазза мувофиқат кард ва хостори баррасии масоили ояндаи ғазза дар чорчӯби манофеи миллии фаластинӣ шуд.