Чин : Амрико ҳокимияти дигар кишварҳоро башиддат поймол мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i122348-Чин_Амрико_ҳокимияти_дигар_кишварҳоро_башиддат_поймол_мекунад
Порстудей - Фу Кунг – сафир ва намояндаи доими Чин дар Созмони Милал дар бораи низомигарии Амрико алайҳи Венесуэла гуфт, ки иқдомоти Вашингтон ҳокимияти дигар кишварҳоро ба шиддат поймол мекунад .
(last modified 2025-10-11T07:26:27+00:00 )
Октябр 11, 2025 12:21 Asia/Dushanbe
  • Фу Кунг – сафир ва намояндаи доими Чин дар Созмони Милал
    Фу Кунг – сафир ва намояндаи доими Чин дар Созмони Милал

Порстудей - Фу Кунг – сафир ва намояндаи доими Чин дар Созмони Милал дар бораи низомигарии Амрико алайҳи Венесуэла гуфт, ки иқдомоти Вашингтон ҳокимияти дигар кишварҳоро ба шиддат поймол мекунад .

Фу Кунг дар нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милал, ки бо меҳварияти Венесуэла баргузор шуд , гуфт : Амрико ба номи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир нерӯҳояшро дар обҳои соҳилии Венесуэла дар Кариб мустақар кардааст . Вай афзуд, ки Амрико ҳамчунин бо тавқифи қойиқҳои Венесуэла мӯҷиби таниши мудовим дар минтақа шудааст . Намояндаи Чин таъкид кард : Иқдомоти якҷонибаву ифротӣ алайҳи қойиқҳои кишварҳои дигар ҳақи ҳаёти хидматчиёни онҳо ва дигар ҳуқуқи асосии инсониро поймол кардаву таҳдиде алайҳи озодӣ ва амнияти дарёнавардӣ аст . Вай хотирнишон кард ки ин иқдомот ҳокимияти дигар кишварҳоро низ ба шиддат поймол карда ва амнияту сулҳи минтақаиро таҳдид мекунад.