3 дипломати қатарӣ дар Миср кушта шуданд
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i122358-3_дипломати_қатарӣ_дар_Миср_кушта_шуданд
Порс Тудей - Дар як ҳодисаи ронандагӣ дар наздикии шаҳри Шарм ал Шайхи Миср, се дипломати қатарӣ кушта ва ду дипломати дигар захмӣ шуданд.
(last modified 2025-10-12T04:30:56+00:00 )
Октябр 12, 2025 09:14 Asia/Dushanbe
  • 3 дипломати қатарӣ дар Миср кушта шуданд

Порс Тудей - Дар як ҳодисаи ронандагӣ дар наздикии шаҳри Шарм ал Шайхи Миср, се дипломати қатарӣ кушта ва ду дипломати дигар захмӣ шуданд.

Худрави ҳомили аъзои ҳайати қатарӣ дар масири Шарм ал Шайхи Миср дучори сониҳа шуд ва дар ин ҳодиса, се дипломати қатарӣ шомили Абдуллоҳ бин Ғоним Ал Хаёрин, Ҳасан Ал Ҷобир ва Сауд бин Сомир Оли Сонӣ ҷон бохтанд ва ду нафари дигар ба шиддат маҷрӯҳ шудаанд. Мақомҳои мисрӣ билофосила пас аз вуқуъи ҳодиса дар маҳал ҳозир шуданду зимни оғози таҳқиқот, вазорати хориҷа ва сафорати Қатар дар Қоҳираро дар ҷараёни ҷузъиёти сониҳа қарор доданд. Ҳайати қатарӣ аз муҳимтарин тарафҳои миёнҷӣ дар раванди музокироти оташбаси Ғазза башумор меравад ва қарор буд аъзои он рӯзи якшанбе дар нишасте муштарак дар Шарм Ал Шайх барои эъломи тавофуқи ниҳоӣ дар хусӯси таваққуфи ҷанг дар Ғазза ширкат кунанд. / Форс